Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бунёди хати нави роҳи оҳан байни Узбекистону Қазоқистон


Дар ҷануби Қазоқистон, дар вилояти Туркистон, сохтмони хати нави роҳи оҳани Дарбоз-Мактаарал бо дарозии 152 км оғоз шудааст.

Сохтмони хати нав ҳамлу нақлро дар хати роҳи оҳани Сариағаш-Тошканд сабуктар мегардонад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ба ҷуз ин хати нави роҳи оҳан ба рушди вилояти Туркистон кумак хоҳад кард.

Барои сохтмони ин тарҳ 19,7 ҳазор тона релс харидорӣ хоҳад шуд.

Борҳое, ки ба Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол дода мешаванд, баъд аз сохтмони хати нави роҳи оҳан зудтар хоҳанд расид.

XS
SM
MD
LG