Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли чеченистонӣ Мансур Мовлаев тарки Қирғизистон кардааст


Зодаи Чеченистон Мансур Мовлаев ба хотири истирдод нашудан ба Чеченистон тарки Қирғизистон кардааст.

Мовлаев баъди он тавонистааст тарки Қирғизистон кунад, ки додгоҳи шаҳри Бишкек ӯро аз ҳабс озод, аммо қарори ихроҷро бекор накард. Дар ин бора вакили мудофеи вай Бакит Атандил хабар дод.

Бо ҳадафҳои бехатарӣ макони фаъоли чеченистонӣ ошкор карда намешавад, гуфт вакили мудофеъ. "Ба хотири ихроҷ нашудан вай Қирғизистонро тарк кард. Чи гуна, ман намедонам. Метавон гуфт, ки вай қарори додгоҳро иҷро ва мустақилона ҳудуди Қирғизистонро тарк кардааст", - афзуд вакил.

Мовлаев гуфта буд, дар сурати ихроҷ ба ватан ҷонибдорони президенти Чеченистон Рамзан Қодиров ӯро шиканҷа хоҳанд кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Мовлаевро ба ду соли зиндон, бо истирдод баъди озод шудан, маҳкум кунад. Ҳарчанд моддае, ки Мовлаев бо он айбдор мешуд, истирдод аз Қирғизистонро пешбинӣ намекунад.

Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, Мовлаев дар доираи фаъолияти зиддитеррористӣ охири моҳи августи соли 2023 боздошт шуда буд. КДАМ Қирғизистон гуфт, боздоштшуда "ҷонибдори идеологияи тундгароёна аст, ки бо дастури роҳбарои созмонҳои байналхалқии террористӣ дар Сурия, шомили гуруҳи террористҳо дар Қирғизистон шудааст".

Ба иттилои КДАМ, "аъзои гуруҳ тасмим доштанд, ки ба шаҳрвандони сарватманди Қирғизистон ҳамла кунанд ва даромади молӣ ба аст оранд".

Шаҳрвандони боздоштшудаи Русия моҳи январи соли 2023 ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шуда ва дар ҳудуди Қирғизистон шиносномаи тақаллубии Русияро истифода кардааст, хабар медиҳад КДАМ.

XS
SM
MD
LG