Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се мард дар Қирғизистон бо гуноҳи арӯсрабоӣ


Полис дар минтақаи шимолии Иссиқкӯли Қирғизистон гуфт, ки се мардро бо иттиҳоми талоши арӯсдуздӣ боздошт кардааст. Масъалаи арӯсрабоӣ дар Қирғизистон як мушкили ҷиддӣ аст, ки бо вуҷуди ҷорӣ кадани ҷазои ҷиноӣ барои кор аз соли 2013 то ҳол решакан нашудааст.

Дар давоми солҳои охир чандин ҳодисаи марги духтарон ва ба хушунати хонаводагӣ печидани ин қазияҳо ба қайд гирифта шудааст.

СММ соли гузашта гуфт, бо вуҷуди талошҳои мақомоти Қирғизистон барои ташвиқи баробарии ҷинсӣ, ҳамоно дар бисёр ҳолатҳо дастандаркорони ҷинояти арӯсдуздӣ беҷазо мемонанд.

XS
SM
MD
LG