Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе идома дорад


Баррасии вазъи кунунии Афғонистон, ки беш аз ду сол аст зери назари Толибон қарор дорад ва ҳеҷ як кишваре дар ҷаҳон онро ба расмият намешиносад, дар нишасти 11-уми ҳамоиши “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” баррасӣ мешавад.

Ҳамоиш субҳи 27-уми ноябр бо ширкати ҳудуди 150 таҳлилгару фаъоли ҷамъиятӣ, намояндагони доираҳои сиёсии Афғонистон шурӯъ шуд ва қарор аст то фардо идома бикунад. Дар миёни ширкатдорони ин ҳамоиш инчунин намояндагони СММ, сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Довуди Муродиён, раиси Институти мутолеоти стратегии Афғонистон, ки баргузоркунандаи ин нишаст аст, рӯзи 24-уми ноябр ба хабарнигорон гуфта буд, “ба Толибон ҳам даъватнома фиристодем, аммо на ҳамчун ҳукумат, балки ҳамчун ҷараёни сиёсӣ. Ягон посух наомад.”

Ин соли дуюм аст, ки ҳамоиши “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Соли гузашта дар ин нишаст Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ширкат карда буд.

“Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аз соли 2012 ба ин тараф баргузор мешавад. Ин ҳамоиш то ба сари қудрат омадани Толибон дар худи Афғонистон мегузашт. Масъулинаш мегӯянд, онҳо ягон гуруҳи сиёсиро намояндагӣ намекунанд ва танҳо барои ибрози назарҳо дар бораи Афғонистон майдон фароҳам меоранд.

XS
SM
MD
LG