Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милод Зуҳраванди 21-соларо дар Эрон эъдом кардаанд


Милод Зуҳраванд
Милод Зуҳраванд

Милод Зуҳраванди 21-соларо дар Эрон ба таври махфӣ ё пинҳонӣ эъдом кардаанд.

Ӯ яке аз иштирокдорони тазоҳуроти зиддиҳукуматии соли 2022 дар Ҷумҳурии Исломӣ буд.

Дар ин бора Бахши форсии Би-би-сӣ бо такя ба манобеи худ хабар дод. Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари Эрон низ гуфт, дар бораи эъдоми Милод Зуҳраванд маълумот гирифт.

Манбаъҳои Би-би-сӣ гуфтаанд, Зуҳраванд рӯзи 23-юми ноябр дар ғарби Эрон, дар зиндони шаҳри Ҳамадон, эъдом шуд.

Ӯро ба куштани афсари иктишофии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Алӣ Назарӣ дар ҷараёни эътирозҳои соли 2022 дар Эрон гунаҳкор кардаанд.

Гуфта мешавад, Зуҳраванд вакили мудофеъ надошт.

Мақомоти Эрон расман эъдоми ӯро эълон накардаанд. Агар хабар тасдиқ шавад, Зуҳраванд ҳаштумин иштирокдори гирдиҳамоиҳои соли гузашта дар Эрон аст, ки эъдом шуд.

XS
SM
MD
LG