Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Белорус рафт


Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои худ Александр Лукашенко мулоқот кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои худ Александр Лукашенко мулоқот кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Мински Белорус сафар кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои худ Александр Лукашенко мулоқот кардааст.

Қабл аз сафараш ба Минск Эмомалӣ Раҳмон ба Русия рафта буд ва дар онҷо бо президенти Русия Владимир Путин дидору мулоқот дошт.

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ як созмони низомии зери нуфузи Маскав аст, ки ба ҷуз аз Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд. Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд. Мавҷи танқидҳо, бахусус замони даргирӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва муноқишаҳои байни Озарбойҷону Арманистон мушоҳида мешавад. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян борҳо аз кори СПАД норозигӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG