Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози моякӯбии оммавӣ байни кӯдакон дар Тоҷикистон


Аз 20 то 30-юми ноябри соли ҷорӣ маъракаи эмкунии кӯдакони аз якуним то панҷ сола бар зидди бемории пневмоккокӣ ё роҳҳои нафас идома мекунад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин рӯзҳо ҳудуди 840 ҳазор кӯдак дар 65 шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе моякӯбӣ мешаванд.

Ин вазорат аз сокинон даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо кӯдакони синну соли аз 15-моҳа то 5-солаи худро ба ниҳодҳои тиббии ҷойи зисти худ бурда, ваксина намоянд.

Пневмококкӣ беморие мебошад, ки асосан кӯдакон ба он гирифтор мешаванд ва он метавонад бемориҳоии роҳи нафасро ба вуҷуд орад.

Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар саросари ҷаҳон то 500 ҳазор кӯдакони то панҷсола аз сирояти пневмококкӣ мефавтанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, аз ин хотир ваксинаи зидди сирояти пневмоккокӣ ба тақвими миллии эмкунӣ ворид карда шуд.

Дар гузашта як пажуҳиш миёни кӯдакони то 18-сола дар шаҳри Душанбе муайян карда буд, ки ҳудуди 30 дарсади кӯдакон дар пойтахт солим ҳастанд ва 70 дарсади дигар аз бемориҳои мухталиф, аз ҷумла, бемориҳои шадиди роҳи нафас ва асаб ранҷ мебаранд.

XS
SM
MD
LG