Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар ҷануби навори Ғазза 32 нафар кушта шуданд


Хон Юнус, 18-уми ноябр
Хон Юнус, 18-уми ноябр

Пизишкон гуфтанд, ки рӯзи 17 ноябр дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба манотиқи истиқоматӣ дар навори Ғазза дасти кам 32 фаластинӣ кушта шуданд, пас аз он ки Исроил бори дигар ба мардуми осоишта ба далели ҳамла ба Ҳамос, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо онро як созмони террористӣ медонанд, ҳушдор дод, ки берун шаванд.

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштӣ, шаби 18 ноябр дар як ҳамлаи ҳавоӣ ба як маҳаллаи истиқоматии Хон Юнус 26 фаластинӣ кушта ва 23 нафар захмӣ шуданд. Чанд километр дуртар дар шимол, шаш фаластинӣ бар асари ҳамлаи бомбаи ҳавоӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG