Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иртибот бо беморхонаи Ғазза қатъ шуд. Амалиёти Исроил идома дорад


Маросими ҷанозаи фаластиниҳои дар бомбаборонҳои исроилиҳои шаби 17 ноябр кушташуда дар Рафаҳ, ҷануби Навори Ғазза
Маросими ҷанозаи фаластиниҳои дар бомбаборонҳои исроилиҳои шаби 17 ноябр кушташуда дар Рафаҳ, ҷануби Навори Ғазза

Нирӯҳои исроилӣ дар ҳар як сохтмони беморхонаи марказии Ғазза амалиёти ҷустуҷӯ ба роҳ монданд, чунки баъди қатъи интиқоли нирӯи барқ дар ҳудуди ин муассиса рӯзи 17-уми ноябр нигарониҳо аз банд мондани сокинони мулкӣ дар дохили беморхона бештар мешавад.

Беморхонаи “Шифо”, ки дар шимоли Навори Ғазза ҷойгир аст, ба маҳалли калидии баргузории амалиёти Исроил табдил шуд. Сарбозони исроилӣ, ки 15-уми ноябр дар дохили беморхона як рейде барпо карданд, мегӯянд, фармондеҳии Ҳамос, созмоне, ки онро Иттиҳоди Аврупо ва ИМА террористӣ меноманд, аз дохили ин беморхона амал мекунад.

Рӯзи 17-уми ноябр бо сабаби эҳтимолии норасоии сӯзишвориву захираҳои энержӣ хати иртибот бо Навори Ғазза қатъ шуд.

Артиши Исроил қисмати ғарбии шаҳри Ғаззаро комилан таҳти назорат гирифта, марҳилаи навбатии амалиёти заминиро дар навор оғоз мекунанд.

Дар ин бора вазири дифои Исроил Йоав Галант хабар додааст. "Амалиёт идома дорад. Он ба таври дақиқ, интихобӣ, вале хеле ва хеле қотеъона анҷом дода мешавад", - афзудааст Галант.

Ба гуфтаи ӯ, низомиёни Исроил дар ҷараёни кофтукоби бемористони "Шифо" "бозёфтҳои муҳим" ошкор карданд, вале ҷузъиёт надодааст.

Қаблан артиши Исроил видеоеро нашр кард, ки аз мавҷуд будани як даромадгоҳи нақби ҷангҷӯён дар ҳудуди бемористони "Шифо" хабар медод.

Гуфта мешавад, аз бемористон силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ҳам пайдо шудааст.

Ҷанг дар Ғазза 7-уми октябр дар пайи ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. "Ҳамос" дар ин ҳамла 1200 исроилиро кушт ва беш аз 240 нафари дигарро бо худ ба Ғазза бурд. Дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар 40 рӯзи ҷанг беш аз 11 ҳазор нафар фаластинӣ кушта шудаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Амалкардҳои Исроил интиқодҳои зиёдеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG