Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар доираи парвандаи бетартибиҳои Махачқалъа 17 касро боздошт карданд


Дар додгоҳи олии Доғистон гуфтанд, дар доираи парвандаи бетартибиҳо дар фурудгоҳи Махачқалъа 17 кас боздошт шудааст.

Дар додгоҳ тасдиқ карданд, ки боздоштҳо ба харобкориҳо дар фурудгоҳ рабт доранд, аммо ному насаби боздоштшудаҳоро ошкор накарданд.

Пештар дар Доғистон нисбати иштирокдорони бетартибиҳо дар фурудгоҳи Махачқалъа 336 санад тартиб дода буданд.

Рӯзи 29 октябр садҳо нафар фурдугоҳи Махачқалъаро муҳосира карда, талош доштанд аз вуруди мусофирони исроилӣ ба хоки Доғистон пешгирӣ кунанд. Ҷамъшудаҳо дар пайи ҷанги Исроил дар Ғазза талаб карданд, ки яҳудиҳо аз Доғистон ронда шаванд.

XS
SM
MD
LG