Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хавфи таркидани нақлиёт бартараф шуд". Боз шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд


Садама дар роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Садама дар роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ягона масир ба шимоли Тоҷикистон баъди чор соати баста будан, барои равуои нақлиёт боз шудааст. Ин роҳ баъд аз зуҳри 15-уми ноябр бо сабаби садамаи як мошини ҳомили газ баста шуда буд.

Ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бегоҳи 15-уми ноябр хабар дод, ки “хавфи таркидани автомобили боркаши барои интиқоли газ пешбинишуда бартараф гардид" ва ҳаракати тамоми намуд нақлиёт иҷозат дода шуд.

Ба иттилои ин ширкат, нақлиёти интиқолдиҳандаи гази моеъ дар километри 27-уми роҳ ва дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ба садама дучор шуда буд.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати офшории Инновейтив Роуд Солюшнз (IRS)қарор дорад. Номи соҳиби ширкат ифшо карда намешавад. Ҳамасола дар фасли зимистон бо сабаби фаромадани баҳман (тарма) ҳаракат дар роҳи мазкур мушкил мешавад.

XS
SM
MD
LG