Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори қазоқистонӣ аз Русия ихроҷ шуд


Владислав Иваненко.
Владислав Иваненко.

Рӯзноманигори нашрияи "Properm.ru"-и шаҳри Перм Владислав Иваненко бо вуҷуди он, ки додгоҳ хоста буд, иҷозатномаи зисти ӯ феълан бекор карда нашавад, аз Русия ба Қазоқистон ихроҷ шудааст.

"Properm.ru" иттилоъ дода, ки маъмурони интизомь 13 ноябр ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ рафта, ба рӯзноманигор гуфтаанд, ки бояд ихроҷ шавад.

"Онҳо ҳамаи суолҳо дар бораи қарори додгоҳро нодида гирифта, Иваненкоро ба фурудгоҳи Екатеринбург бурданд ва аз онҷо ба Қазоқистон ихроҷ кардаанд", - афзудааст манбаъ.

Қарор буд, додгоҳи Киров 14 ноябр қарори бекор кардани иҷозатномаи зисти рӯзноманигорро баррасӣ кунад. Додгоҳ 10 ноябр иҷрои қарори ихроҷи ӯро боз дошта буд.

Владислав Иваненко 9 ноябр боздошт шуд. Ӯ шаҳрванди Қазоқистон аст ва ҳашт сол мешуд дар Русия қарор дошт.

XS
SM
MD
LG