Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек фоҳишахонаеро ошкор карданд, ки танҳо ба хориҷиҳо "хидмат" мерасонд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, фаъолияти фоҳишахонаеро ошкор кардааст, ки танҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ "хидмат" мерасонд.

Ба иттилои манбаъ, як гуруҳи ҷиноӣ толори арӯсиеро расман сабтином ва дар таҳхонаи он фоҳишахона ташкил кардаанд.

Аъзои гуруҳ механизми ҷалби духтарони ҷавон ба ҳайси пешхидматро роҳандозӣ карда, баъдан онҳоро бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо таҳдид ва вобастагии молӣ ба танфурӯшӣ ҷалб менамудаанд.

Ин фоҳишахона танҳо барои доираи маҳдуд ташкил шуда, танҳо хориҷиҳо метавонистаанд, аз он истифода кунанд. Эҳтимоли сабти пинҳонии амалҳои маҳрамонаи хориҷиҳо ва талаби пора аз онҳо вуҷуд дорад.

Ҳангоми бозҷӯии "толори арӯсӣ", ки 10 ноябр сурат гирифтааст, беш аз 30 духтар ва 16 шаҳрванди хориҷӣ дар он қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG