Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Порис зидди яҳудибадбинӣ роҳпаймоӣ баргузор шуд


Роҳпаймоии зидди яҳудиситезӣ дар шаҳри Пориси Фаронса
Роҳпаймоии зидди яҳудиситезӣ дар шаҳри Пориси Фаронса

Рӯзи 12 ноябр дар роҳпаймоии зидди яҳудиситезӣ дар шаҳри Пориси Фаронса ҳазорон кас иштирок карданд. Дар ин афроди расмӣ, амсоли сарвазири Фаронса Элизабет Борн, президентҳои пешин Николя Саркозӣ ва Франсуа Олланд ширкат карданд.

Президенти кунунии Фаронса Эммануэл Макрон дар ин роҳпаймоӣ иштирок надошт. Вай дар изҳороти рӯзи шанбеаш мардуми Фаронсаро ба маҳкумсозии яҳудиситезӣ даъват кард.

Наздики 3000 корманди пулис амнияти роҳпаймоии рӯзи 12 ноябрро дар Порис таъмин карданд.

Ба иттилои пулиси Фаронса, аз 7 октябр ба ин тарафт - аз замони шуруи ҷанг байни Исроил ва ҲАМОС дар Фаронса 1247 иқдом зидди яҳудиҳо сабт шудааст.

Як рӯз пеш аз роҳпаймоӣ дар чанд шаҳри бузурги Фаронса ҳазорон кас ба кӯча баромада, қатъи амалиёти ҷангиро дар навори Ғазза талаб карданд. Онҳо бо алвонҷ додани парчамаи Фаластин, аз ҳукумати Фаронса хостанд, ки дар қатъи бомбарони навори Ғазза аз сӯи Исроил мусоидат кунад.

Роҳпаймоии бузурге бо нишони ҳамраъйӣ бо фаластиниҳои Ғазза рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Лондони Бритониё баргузор шуд. Бино ба хабарҳо, дар он роҳпаймоӣ наздики 300 ҳазор кас иштирок кардааст. Тӯдаи мардум 5 км роҳ паймуда, то назди сафорати ИМА дар Лондон рафтааст.

XS
SM
MD
LG