Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вазири пешин барои то дами марг задани ҳамсараш 


Қуандиқ Бишибоев
Қуандиқ Бишибоев

Вазири пешини иқтисоди Қазоқистон Қуандиқ Бишибоев дастгир шудааст.

Ӯро барои задан ва ба марг расондани ҳамсараш муттаҳам медонанд.

Муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 10-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, “ба зидди Бишибоев парванда боз шуд ва таҳқиқ ҷараён дорад.”

Қуандиқ Бишибоев яке аз вазирони ҷавонтарин дар Қазоқистон буд. Дар 26-солагӣ ба ин мансаб расид.

Ӯро моҳи марти соли 2018 ба гумони фасод дар даврони мудири ширкати миллии "Байтерек" буданаш зиндонӣ карда буданд. Ҳарчанд худаш мегуфт, ки гуноҳ надорад.

XS
SM
MD
LG