Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз хуруҷи вулқон дар Ҷопон ҷазираи наве пайдо шудааст


Ҷазирае дар Ҷопон. Акс аз бойгонӣ
Ҷазирае дар Ҷопон. Акс аз бойгонӣ

Баъди хуруҷи вулқон дар Ҷопон ҷазираи наве пайдо шудааст, хабар медиҳад The Guardian.

Ҷазирае, ки майдони иборат аз 100 метрро дорад, дар наздикии ҷазираи Ивотои Ҷопон пайдо шудааст. Ивото низ дар пайи вулқон пайдо шуда ва ҳамасола наздики 1 метр афзоиш меёбад.

Ниҳодҳои пажуҳишии Ҷопон мегӯянд, эҳтимоли афзоиш ёфтан ва ё комилан маҳв шудани ҷазираи нав вуҷуд дорад.

Ҷопон на танҳо соҳиби ҷазираҳои нав мешавад, балки ҷазираҳоеро ҳам аз даст медиҳад. Соли 2018 ошкор шуд, ки ҷазираи Эсанбэ Ханакита Кодзима зери об мондааст.

Бино ба маълумоти охирин, ки моҳи феврали соли 2023 нашр шуд, Ҷопон аз 14 ҳазор ҷазира иборат аст.

XS
SM
MD
LG