Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон севумин солгарди пирӯзӣ дар Қарабоғро таҷлил кард


Azerbaijan Anniversary
Azerbaijan Anniversary

Озарбойҷон рӯзи 8 ноябр севумин солгарди пирӯзӣ бар артиши Арманистонро дар ҷанги 44-рӯза дар соли 2020 барои бозпас гирифтани Қарабоғи Куҳӣ таҷлил кард.

Артиши Озарбойҷон се сол пеш дар ин рӯз назорат бар шаҳри стратегии Шуширо ба даст овард ва сипас ҷонибҳо ба созише розӣ шуданд, ки ба нафъи Боку буд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар гашти низомии шаҳри Ханкандӣ (номи арманӣ – Степанакерт), маркази пешини маъмурии Қарабоғи Куҳӣ иштирок кард.

Алиев дар суханронии худ изҳор дошт, "Озарбойҷон он чиро, ки мехост, - барқарор кардани тамомияти арзӣ - ба даст овард". Ба гуфтаи ӯ, барои кишвараш "ҷанги нав лозим нест", вале муҷаҳҳазгардонии артиши Озарбойҷон яке аз авлавиятҳои давлат хоҳад буд.

Артиши Озарбойҷон рӯзи 19-уми сентябри имсол амалиёти низомиро дар Қарабоғи Куҳӣ оғоз карда, онро пурра тасарруф кард. Амалиёт баъд аз таркише шуруъ шуд, ки Боку онро кори “гурӯҳҳои харобкори арманӣ" номид.

XS
SM
MD
LG