Юрий Малашко, раиси маъмурияти низомии Запорожйе, 4-уми ноябр гуфт, ки дар деҳаи Заричне дар ин вилоят 9 нафар маҷруҳ шуданд.
Ба иттилои Малашко, дар умум дар як рӯзи гузашта ба 26 шаҳру маҳалҳои аҳолинишини Запорожйе ҳамла шудааст.
Александр Прокудин, волии Херсон, мегӯяд, дар онҷо панҷ нафар захмӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои Русия ба минтақа аз тӯпхона, ҳавопаймоҳои бесарнишин, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва тонкҳо ҳамла кардаанд.
Мавҷи нави ҳамлаҳои Русия дар ҳолест, ки раиси Кумисюни Аврупо Урсула фон дер Лейен рӯзи 4-уми ноябр ба Киев рафт.
Ӯ дар шабакаи "Х" навишт, ки “ман барои баррасии тарзи пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо инҷо ҳастам. Ва ҳам баррасии ёрии молии Иттиҳоди Аврупо барои эҳёи Украина ҳамчун як кишвари демократии муосир ва шукуфон.”
Ҷанги бедалели Русия дар Украина аз моҳи феврали соли 2022 ба ин тараф идома дорад.