Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги даҳҳо кас дар заминларзае дар Непал


Непал, 4-уми ноябри 2023
Непал, 4-уми ноябри 2023

Бар асари заминларза дар шимолу ғарби Непал камаш 137 нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд. Амалиёти наҷот идома дорад.

Идораи зилзиланигории Непал гуфт, ки маркази ҳодиса тақрибан 400-километрии пойтахти ин кишвар, Катманду, будааст.

Тибқи маълумоти марказ, шиддати он ба 6,4 дараҷаи Рихтер баробар буд. Ниҳоди зилзилашиносии Амрико онро 5,6 дараҷа арзёбӣ кардааст.

Дар натиҷаи заминҷунбӣ иртибот бо бисёре аз маҳалҳои аҳолинишин дар Непал канда шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ ярч фаромадааст.

Ҳиндустон ба Непал “ёрии ҳамаҷониба” пешниҳод кард. Дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Деҳлӣ, низ заминларзаро эҳсос кардаанд.

XS
SM
MD
LG