Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми як зан дар Эрон ба гуноҳи "зино"


Додгоҳи Эрон як занро бар асоси шикояти шавҳараш ва ба гуноҳи зино ба эъдом маҳкум кард.

Шавҳари ӯ соле пеш даъво карда буд, ки ҳамсараш бо марди бегонае робитаи ошиқона дорад.

Вай ҳамчун далел навори дурбинҳои назоратиро пешниҳод кардааст.

Қонуни ҷиноии Эрон, бар асоси шариати исломӣ, барои зино сангсорро пешбинӣ кардааст, вале дар Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчун алтернатива аз эъдом истифода мекунанд.

Зан дар ҷараёни муҳокимаҳо амали худро ба эҳсоси танҳоӣ рабт додааст.

Ӯ ба ҳайси мураббии варзиш кор мекард.

Марде, ки дар канори зан ба робитаи номашруъ муттаҳам мешавад, иддао карда, ки аз оиладор буданаш хабар надошт. Ӯро ба шаллоқ маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG