Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, баъзе аз силоҳҳо аз Украина ба дасти "Толибон" расидааст


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия гуфт, баъзе аз силоҳҳои фиристодаи Ғарб ба Украина тавассути бозори ғайриқонунии аслиҳа ба Ховари Миёна роҳ ёфта, "ба Толибон фурӯхта мешаванд ва аз он ҷо ба ҳар куҷо мераванд".

Владимир Путин дар ин бора рӯзи 3-юми ноябр изҳорот дод, вале далеле наовард.

Украина мегӯяд, дар мавриди истифодаи силоҳҳои гирифтааш аз Ғарб назорати қатъӣ ҷорӣ кардааст.

Иёлоти Муттаҳида аз Украина хостааст, дар масъалаи пешгирӣ аз фасод бештар кор кунад.

Ташаббуси ҷаҳонӣ ба зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ моҳи март гуфт, "берун бурдани қобили таваҷҷуҳи силоҳ аз минтақаи низоъ дар Украина вуҷуд надорад".

XS
SM
MD
LG