Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Тотористон хост, Алсу Курмашева дар ҳабс бимонад


Алсу Курмашева
Алсу Курмашева

Додгоҳи олии Тотористон 31-уми октябр қарорро дар бораи то 5-уми декабри имсол дар ҳабс мондани хабарнигори бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ Алсу Курмашева бетағйир гузошт.

Вакили дифои рӯзноманигор аз додгоҳ дархост карда буд, ки шахси зери ҳимояашро аз ҳабс раҳо кунад. Мурофиаи 31-уми октябр паси дарҳои баста баргузор шуд ва худи рӯзноманигор дар он онлайнӣ иштирок кард.

Муҳлати ҳабси Алсу Курмашева 23-юми октябр як моҳу ҳабдаҳ рӯз, яъне то 5-уми декабри имсол дароз карда шуда буд.

Ҷеффри Гедмин, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "аз натиҷаи мурофиа сахт маъюс шудем. Даъват мекунем, ки Алсу Курмашеваро фавран озод кунанд, то ба назди пайвандонаш баргардад."

Алсу Курмашева шаҳрванди Амрико ва Русия буда, дар шаҳри Прага мезист. Ӯ рӯзи 20-уми майи имсол ба далели масоили хонаводагӣ маҷбур шуд ба Русия равад ва рӯзи 2-юми июн ҳангоми бозгашт ба Чехия дар фурудгоҳи Қазон дастгир ва ҳар ду шиносномааш мусодира шуд.

Курмашева барои иҷро накардани талабот дар бораи қайди шаҳрвандии Амрико дар ниҳодҳои дахлдори Русия ҷарима шуд ва мунтазир буд, ки мақомот шиносномаҳояшро баргардонанд, вале ӯро дубора 18-уми октябр дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG