Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиёни ҷанг дар Ғазза ба ҷаласаи Конгресс халал расонданд


Як гурӯҳ аз норозиён ба ҷаласаи Конгресс дар бораи ёрии низомии Амрико ба Исроил халал расонданд.

Онҳо ба дастони худ ранги сурх молида буданд ва аз Вашингтон талаб карданд, ки сармоягузориро ба муборизаи Исроил алайҳи “Ҳамос” бас кунад.

Ҳодиса 31-уми октябр рӯй дод.

Дар ин рӯз Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷӣ ва Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, аз Сенат барои пуштибонӣ аз Исроил, Украина ва тақвияти бахши амниятӣ ҷудо кардани миллиардҳо долларро хостанд.

Ҳангоми баррасии масъала чандин нафар дастони ранголуди худро ба нишони хунрезӣ дар Навори Ғазза боло бардошта, нидои “Оташбас!” сар доданд.

Ҷанги Исроил ва гуруҳи фаластинии “Ҳамос” беш аз се ҳафта боз ҷараён дорад. Телавив мегӯяд, зиёда аз 1400 нафар кушта шуда, тақрибан 240 кас асир афтодаанд.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Навори Ғазза, дар ин муддат бар асари ҳамлаҳои густурдаи ҳавоии Исроил беш аз 8500 фаластинӣ кушта шуданд. Қисме аз онҳо кӯдакон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG