Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зодаи Тоҷикистонро дар Маскав ба ҳабс гирифтаанд


Додгоҳе дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, як зодаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми истифода аз силоҳи пневматикӣ ва муқобила бо маъмури пулис ба ҳабс гирифтааст.

Қарор рӯзи 30-юми октябр баромад.

Ба гузориши "ТАСС", Шерзод Фозиловро ба он муттаҳам мекунанд, ки рӯзи 28-уми октябр дар посух ба хоҳиши як сокини маҳаллӣ барои накашидани сигор дар истгоҳ аз силоҳи пневматикӣ тир парондааст.

Додситонӣ ӯро расман ба авбошӣ ва истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи мақомот муттаҳам медонад.

ТАСС навиштааст, зодаи Тоҷикистон ба қарори додгоҳ дар бораи ҳабс эътироз кард.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кор ва маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.

Ҳар гоҳе хабари боздошту ҳабси онҳо ба гумони авбошӣ расонаӣ мешавад, аммо баъзе аз муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқ чанде аз ин мавридҳоро сохта ва баҳонае барои саркӯби муҳоҷирони корӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG