Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти 6 ангишткани қазоқистонӣ то ҳол маълум нест


Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Сирим Шарифхонов 31-уми октябр дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, дар ҳоли ҳозир ҷасади 45 ангишткан пайдо карда шудааст.

Ба гуфтаи вазир, маъмурони наҷот як ҷасади дигарро ҳам ёфтааст, ки эҳтимол меравад, корманди ҳалокшудаи 46-ум бошад.

Шарипхонов афзуд, шахсияти 6 ангишткани ҳалокшуда то ҳол муайян карда нашудааст.

Расонаи "HOLA News" субҳи 30-юми октябр иттилоъ дод, ки ҷасади қурбонии охирин, ангишткани 46-ум пайдо ва ба наздиконаш дар ин бора хабар дода шудааст.

Садама дар кон шаби 27 ба 28-уми октябр, замоне рух дод, ки 252 нафар дар онҷо кор мекард. Дар натиҷа 46 ангишткан ҷон бохт.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар маҳалли ҳодиса ба наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд ва аз намояндагони ҳукумат хост, ки ҳамкориро бо "АрселорМиттал Темиртау" бас кунанд. Ин ширкат масъули кор дар кони ангишт буд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар понздаҳ соли охир дар иншооти вобаста ба "АрселорМиттал Темиртау" зиёда аз 120 кас ба ҳалокат расидаанд. Ҷонбохтагони ҳодисаи охир ба он шомил нестанд.

XS
SM
MD
LG