Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози зидди Исроил дар фурудгоҳи Махачқалъа ба чӣ анҷомид? ВИДЕО


Эътирозгарон талаб карданд, ки мусофирони исроилӣ ба Доғистон роҳ дода нашаванд.
Эътирозгарон талаб карданд, ки мусофирони исроилӣ ба Доғистон роҳ дода нашаванд.

Мақомоти Доғистони Русия хабар доданд, ки дар бетартибии шоми 29-уми октябр дар фурудгоҳи Махачқалъа 20 нафар маҷрӯҳ шудааст.

Шоми 29-уми октябр садҳо нафар ба фурудгоҳи Махачқалъа рафтанд ва даст ба бетартибӣ заданд. Дар наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда онҳо иддао мекунанд, ки барои ҷустуҷӯи яҳудиёне омадаанд, ки аз Исроил фирор кардаанд.

Миёни ин гурӯҳ ва кормандони пулис занозанӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Доғистон, аз 20 нафаре, ки маҷрӯҳ шудаанд, 10 нафар ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, ду нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ҳудуди нӯҳ корманди пулис низ ҷароҳат бардошта, ду нафарашонро дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Видеоро инҷо бинед:

Эътирози хушунатбори зидди Исроил дар фурудгоҳи Махачқалъа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Пулис Доғистон хабар додааст, ки шахсияти 150 "иштирокчии фаъоли бетартибӣ" шиносоӣ ва 60 тан аз онҳо боздошт шудаанд.

Сергей Меликов, раҳбари Доғистон гуфт, дар нисбат ба ҳодисаи шаби гузашта парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва "касе бахшида нахоҳад шуд."

Ӯ иддао кардааст, ки вазъро аз хориҷ, аз ҷумла саҳифаҳои телеграмии тарафдори Украина, ба ҳам задаанд.

"Росавиация" хабар додааст, ки фурудгоҳи Махачқалъа то 31-уми октябр баста хоҳад монд.

Садҳо нафар шоми якшанбе фурудгоҳи Махачқалъаро бо шиорҳои зидди Исроил ғасб карданд. Он шом ҳавопаймое аз Исроил дар ин фурудгоҳ фуруд омада буд.

Эътирозгарон талаб доштанд, ки яҳудиён роҳ дода нашаванд ва аз Доғистон ронда шаванд. Ин гурӯҳ то хати парвози фурудгоҳ ворид шуда, мусофирон аз Исроилро ҷустуҷӯ карданд. Талаби онҳо ин буд, ки набояд мусофирон аз Исроил ба Доғистон ворид шаванд. Маълум нест, ки онҳо мусофиреро пайдо карданд ё на.

Дар аввал эътирози зидди Исроил дар берун аз фурудгоҳ оғоз шуд ва эътирозгарон ҳатто шинсономаи онҳое, ки аз фурудгоҳ берун мешуданд, тафтиш карданд.

Кормандони пулис дар аввал чорае надиданд ва танҳо эътирозгаронро ором карданд, ки бояд вазъи дигаронро дарк кунанд, чун онҳо "бегона" нестанд. Танҳо пулис замоне амал кард, ки эътирозгарон вориди хати парвози фурудгоҳ шуданд.

Кумитаи тафтишотии Доғистон дар робита ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Эътирози хашин алайҳи исроилиён дар Доғистон камсобиқа буд.

Тазоҳурот алайҳи Исроил ва ба тарафдори аз Фаластин дар аксар кишварҳои дунё ҷараён дорад.

Эътироз пас аз он оғоз шуд, ки низомиёни Исроил барои маҳви гурӯҳи ҲАМОС дар борикаи Ғаза амалиёт роҳандозӣ карданд. Гурӯҳи ҲАМОС, ки борикаи Ғазаро назорат мекунад, рӯзи 7-уми октябр ба хоки Исроил ҳамла кард ва беш аз 1400 нафарро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирфитанд.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғаза беш аз ҳашт ҳазор нафар кушта шудааст, ки бештарашон занону кӯдаконанд.

Эътирозгарон дар гӯшаву канори дунё кушта шудани аҳолии осоишта дар Ғазаро маҳкум карда, зидди амалҳои Исроил шиор медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG