Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия Исроилро дар ҳамла ба фурудгоҳаш муттаҳам кард


Ҳукумати Сурия эълон кард, ки Исроил субҳи рӯзи якшанбе дигарбора ба фурӯдгоҳи Димишқ ва Ҳалаб зарбаи ҳавоӣ зад. Бино ба навиштаи расонаҳои давлатӣ, бар асари ин ҳамлаҳо, майдонҳои ҳавоӣ хароб шудаанд.

Дар гузоришҳо аз кушта шудани ду нафар хабар дода шудааст. Тамоми парвозҳо ба фурудгоҳи Лакатия манъ шудаанд. Ин саввумин ҳамлаи Исроил ба фурудгоҳҳои Сурия пас аз мутташаниҷ шудани вазъ дар минтақа аст.

Нерӯҳои Исроилӣ ин ҳамлаҳои ҳавоиро рад ё тасдиқ накардаанд. Қаблан Исроил ба чанд муассисаву сохторҳои Сурия зарбаи ҳавоӣ зада, гуфта буд, дар ин маконҳо гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Эрон барои ҳамла ба Давлати яҳудиён омодагӣ мебинанд.

Дар ҳамин ҳол шаби якшанбе низомиёни Исроилӣ ҳамла ба навори Ғаззаро идома додаанд. Нерӯҳои дифои Исроил хабар доданд, ки “даҳҳо террорист”, аз ҷумла муовини фармондеҳи нерӯҳои мушакии гурӯҳи “Ҳамос” нобуд карда шудаанд.

Фаластин хабар дод, ки дар соҳили ғарбӣ дарёи Урдун, аз ҷумла дар як ҳамла ба масҷид 5 нафар кушта шудааст. Ҷониби Фаластин ҳамчунин аз мавридҳои нави куштори ғайринизомиён дар навори Ғазза хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, шумори умумии кушташудаҳо ба беш аз 4 ҳазор нафар гузаштааст. Дар Исроил дар пайи ҳамлаҳои “Ҳамос” беш аз 1400 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG