Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА нерӯҳояшро дар Ховари Миёна таҳким мебахшад


Дар пайи ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос” ба Исроил ва чандин зарба ба пойгоҳҳои низомии Амрико аз сӯйи гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Эрон, ИМА ҳузури низомии худро дар Ховари Миёна тақвият хоҳад дод.

Вазири дифои Амрико, Ллойд Остин бо нашри изҳороте дар ин бора хабар дод ва гуфт, вазъро бо президент, Ҷо Байден батафсил баррасӣ кардааст.

Раҳбари Пентагон, аз ҷумла дастур додааст, ки барои таҳкими ҳифзи нерӯҳои Амрико дар минтақа аз низоми нави дифои ҳавоӣ, аз ҷумла батареяи THAAD ва Patriot кор гирифта шавад. Ҳамчунин тасмим шудааст, ки ин кишвар нерӯҳои ҳавоиашро тақвият диҳад.

Қаблан ҳукумати Амрико бо як паём, ки ба Эрон ва муттаҳидонаш равона шуда буд, ҳушдор дод, ки дар даргириҳои атрофи навори Ғазза дахолат ва ба Исроил ҳамла накунанд.

Изҳороти Амрико дар ҳолест, ки дар ин авохир аз чанд талоши ҳамла ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Сурия ва Ироқ хабар расид. Ба ин ин пойгоҳҳо тариқи бесарнишинҳо ва системаҳои дигари мушакӣ зарба задаанд. Инро кори дасти гурӯҳҳои муссалаҳ дар Ироқу Сурия медонанд, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад.

Субҳи рӯзи якшанбе хабаргузории Reuters бо такя ба манобеъаш хабар дод, ки ҳамлаи навбатӣ ба пойгоҳи Айн ал-Асад дар Ироқ бо истифода аз мушакҳои навъи "Катюша" сурат гирифтааст. Аз пайомадҳои ҳодиса хабар дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG