Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, Исроил бояд ҷони мардуми осоиштаи Ғаззаро ҳифз кунад


Дар пайи афзоиши эътирозҳо аз марги ғайринизомиён дар Фаластин, Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи 29-уми октябр гуфт, Исроил уҳдадор аст, ҷони мардуми бегуноҳ дар навори Ғаззаро ҳифз кунад.

Бо афзоиши шумори кушташудаҳо дар Ғазза, фишорҳо ба маъмурияти Ҷо Байден ҳам бештар мешавад, то собит кунад, ки пуштибонии ӯ аз Исроил ба маънии ҳимоят аз кирдорҳои ҳампаймонаш алайҳи сокинони осоишта дар Ғазза нест.

Салливан, дар мусоҳибаҳои телевизионии худ гуфт, Вашингтон бо чандин суоли муҳиму мураккаб, аз ҷумла дар масъалаи марбут ба кӯмаки башарӣ ва фарқи терористон аз мардуми бегуноҳу ғайринизомӣ ба Исроил муроҷиат кардааст.

“Мо фикр мекунем, ки ҳар соат, ҳар рӯз дар ин амалиёти низомӣ, нерӯҳои Исроил ва ҳукумати он бояд тамоми имкониятҳои дастраси худро истифода бурда, талош кунанд, байни ҳадафҳои низомии худ ё терорристони ҲАМОС ва мардуми ғайринизомӣ фарқ гузоранд.”- гуфт, Ҷейк Салливан дар масоҳибааш бо СNN

Дар ҳамин ҳол Исроил субҳи рӯзи якшанбе аз афзоиши ҳузури низомии худ дар навори Ғазза хабар дод. Бино ба хабарҳо дар як рӯзи гузашта, Исроил ба ҲАМОС дар Ғазза беш аз 450 зарбаи ҳавои задааст.

Ҳамчунин Исроил ба навори Ғазза садҳо сарбоз ва даҳҳо техникаи ҷангии дигар интиқол додааст.

XS
SM
MD
LG