Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил гуфт, ба "ҳадафҳои зеризаминӣ" зарба зад


Артиши Исроил рӯзи 28-уми октябр гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар шаби гузашта ба 150 "ҳадафи зеризаминӣ" дар шимоли Ғазза зарба зад.

Аз ҷумла, "ба нақбҳо, маконҳои ҷанг ва зербунёдҳои иловагии зеризаминӣ".

Хабарнигорон дар Навори Ғазза ва ҷануби Исроил гуфтанд, тирборону ҳамлаҳои ҳавоӣ рӯзи 28-уми октябр низ идома кард.

Артиши Исроил мегӯяд, масъули ҳамлаҳои ҳавоии “Ҳамос”-ро низ куштааст. Касе, ки ба гуфтаи мақомоти исроилӣ дар ҳамлаи 7-уми октябр ба ҷануби ин кишвар "нақши калидӣ дошт". Дар он ҳамла беш аз 1400 исроилӣ кушта, зиёда аз дусад кас асир афтоданд.

Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" мегӯяд, дар ҳамлаҳои пайдарҳами Исроил дар зарфи се ҳафтаи охир беш аз 7300 фаластинӣ кушта шуданд.

Ҷанги "Ҳамос" ва Исроил аз 7-уми октябри имсол ба ин сӯ идома дорад.

Созмонҳои байнулмилалӣ аз буҳрони башарӣ дар Ғазза ҳушдор дода, хоҳони оташбаси фаврӣ ва кушодани долон барои расондани ёриҳои доимӣ шудаанд.

Дар Навори Ғаззаи муҳосирашуда беш аз ду миллион фаластинӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG