Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Фаронса ба Қазоқистону Узбекистон меравад


Эммануэл Макрон ва Шавкат Мирзиёев, Париж, моҳи ноябри 2022
Эммануэл Макрон ва Шавкат Мирзиёев, Париж, моҳи ноябри 2022

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, рӯзҳои 1 ва 2-юми ноябр бо сафари расмӣ ба Қазоқистону Узбекистон хоҳад рафт.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, рӯзҳои 1 ва 2-юми ноябр бо сафари расмӣ ба Қазоқистону Узбекистон хоҳад рафт.

"Фаронса омода аст, аз ин ду кишвар дар роҳи ислоҳот ва таҷдид, истиқлолу ягонагӣ ҳимоят кунад ва дар тақвияти муносибатҳои онҳо Аврупо мадад расонад", - хабар додааст ҳукумати Фаронса рӯзи 26-уми октябр.

Дар ҳукумати он кишвар ҳамчунин гуфтанд, ҳадафи Фаронса аз наздик шудан ба Қазоқистону Узбекистон "ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, махсус энержӣ, расонидани навъи муҳими маҳсулоти хом, инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ, истиқлоли ғизоӣ ва мудофиа" аст.

Бори охир президенти вақти Фаронса Франсуа Миттеран соли 1994 ба Узбекистон рафта буд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев тирамоҳи соли 2022 ба Фаронса сафар карда буданд.

XS
SM
MD
LG