Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адахон Мадумаров аз боздоштгоҳ ба бемористон бурданд


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров

Вакили порлумони Қирғизистон Адахон Мадумаровро рӯзи 26-уми октябр аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба бемористони қалби шаҳри Бишкек бурдаанд.

Вакили порлумони Қирғизистон Адахон Мадумаровро рӯзи 26-уми октябр аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба бемористони қалби шаҳри Бишкек бурдаанд.

Майрамбек Ҷумъабеков, вакили мудофеи Мадумаров, пештар гуфта буд, ки “саломатияш бад шудааст”.

Нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 2-юми сентябри имсол Мадумаровро боздошт карданд.

Бегоҳи он рӯз додгоҳ ӯро то 24-уми октябр ба ҳабс гирифт. Дертар муҳлати ҳабси ӯро дароз карданд.

Вакили мудофеъ Гуляна Убалиева гуфт, сиёсатмадорро дар “хиёнат ба давлат” гумонбар мекунанд. Вай тасдиқ кард, ки парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад.

Онро Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG