Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи панҷ тоҷикистонӣ ба иттиҳоми омодагӣ ба ҳамла дар Маскав


Дар шаҳри Маскав муҳокимаи панҷ тоҷикистонӣ ва як зодаи Доғистон шуруъ шудааст.

Онҳо ба омодагӣ ба анҷоми ҳамла ва ташкили гуруҳи террористӣ муттаҳам ҳастанд.

Вакилони мудофеи гумонбарон мегӯянд, парванда сохта асту ангезаи сиёсӣ дорад.

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфтааст, боздоштшудаҳо "зери раҳбарии ДОИШ" нақша доштанд, соли 2022 бинои ин хадамотро тарконанд.

"Онҳо бо ҳадафи маҷбур кардани Русия ба берун овардани нерӯҳояш аз Сурия, мехостанд ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд," – шарҳ додаанд мақомоти Русия.

Аз панҷ зодаи Тоҷикистон Манучеҳр ва Раҷабалӣ Буриевҳо, Абдумалик Самиев, Самандар Тошмуродов ва Абдуқодир Тоиров ном бурда мешавад.

Гумонбари шашум Ҳоҷимурод Ҳасаналиев аз Доғистон аст. Ҳамаи онҳо аз 19 то 25 сол дошта, дар замони боздошт дар Русия мардикорӣ мекардаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, ҳангоми таҳқиқи парванда панҷ нафар айби эъломшударо қисман ё пурра эътироф карда, як тани онҳо иттиҳомро бепоя донистааст.

Ба онҳо солҳои дарози зиндон ва ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG