Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардеро дар Қазоқистон ба барангехтани "адовати миллӣ" ҳабс карданд


Додгоҳи шаҳри Қарағандаи Қазоқистон рӯзи 24-уми октябр як сокини 32-соларо, ки ба барангехтани адовати миллӣ гумонбар аст, ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Додгоҳи шаҳри Қарағандаи Қазоқистон рӯзи 24-уми октябр як сокини 32-соларо, ки ба барангехтани адовати миллӣ гумонбар аст, ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Ба зидди гумонбар ба гумони "Қасдан барангехтани кинаю адовати миллӣ, таҳқири шаъну шарафи миллии шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Пулиси Қарағанда 14-уми октябр аз боздошти марде хабар дод, ки дар як видеои нашршуда дар Интернет бо нафаре суҳбат мекунад ва мегӯяд, "дар Қазоқистон русҳо бояд кушта шаванд". Ҳамчунин илова мекунад, "онҳоеро, ки Исломро қабул намекунанд, одам намеҳисобад".

Додгоҳи Қарағанда ду рӯз пас гумонбарро 10 рӯз ҳабс кард. Мақомот ному насаби боздоштшударо ифшо намекунанд.

Канали телеграмии "Kozachkov offside" хабар дода, ки ҳабсшуда сокини вилояти Павлодар Меирбек Мукин аст.

XS
SM
MD
LG