Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мехоҳанд, тилои Бонки Миллиро ба Девони вазирон диҳанд

“Тилои Бонки Миллӣ бояд ба девони вазирон дода шавад ва барои рушди иқтисод истифода гардад.” Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Балбак Тулобоев дар ҷаласаи рӯзи 23-юми октябр изҳори назар кард.

Тулобоев гуфт: "Дар Бонки миллӣ 52 тонна тило хоб аст. Мо даромади Бонки Миллиро бо як қонун ба буҷа мефиристем. Чаро бо як қонун наметавон иҷоза диҳем, ки Девони вазирон ин тилоро ба бунёде ирсол кунад? Ба соҳибкорон ин тилоро, ки 1 миллиард доллар арзиш дорад, бидиҳед ва бинед, ки онҳо давлатро чӣ гуна рушд медиҳанд. Иқтисодро тиҷорати миёна ва хурд мечархонад. Чаро мо ин тилоро истифода намекунем? Тило набояд хоб равад, бояд кор кунад."

Вазири молияи Қирғизистон Алмаз Бакетаев дар посух ба ин суоли вакил гуфт, "масъалаи мазкур пушти дарҳои баста баррасӣ хоҳад шуд".

Бонки Миллии Қирғизистон мегӯяд, дар захираҳои бонк ба таври доимӣ бештар аз 51 тонна тило нигаҳ дошта мешавад.

XS
SM
MD
LG