Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қазоқистонӣ дар Навори Ғазза кушта шудааст


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар додааст, ки дар натиҷаи даргириҳо дар Навори Ғазза як шаҳрванди ин кишвар кушта шудааст.

Ин ниҳод афзуда, ки ҳамроҳи шаҳрванди Қазоқистон духтари 23-солааш, шаҳрванди Фаластин ҳам ҷон бохтааст.

Ному насаб ва синни қазоқистонии кушташуда зикр намешавад.

Ба иттилои вазорат, зани қазоқистонӣ бо марди фаластинӣ издивоҷ карда буд ва чанд сол боз дар Ғазза мезист.

Рӯзи 7-уми октябр ва баъд аз ҳамлаи гуруҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил, миёни ду тараф даргирӣ сар шуд. Дар беш аз ду ҳафтаи охир зиёда аз 1400 исроилӣ ва беш аз 5000 фаластинӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG