Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ду кӯдак аз доруи зидди "клоп" фавтидаанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар вилояти Мангистауи Қазоқистон ду кӯдак аз доруи зидди ҳашароти "клоп" фавтидааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Қазоқистон хабар медиҳанд.

Ба иттилои пулис, рӯзи 21 октябр ду кӯдаки соли таваллудашон 2021 ва 2022 фавтидаанд. Пулис мегӯяд, панҷ тани дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Сокинон мегӯянд, яке аз истиқоматкунандагон рӯзи 20 октябр дар манзилаш доруи зидди "клоп" истифода кардааст. Сокинони дигари бино огоҳ нашуда буданд, ки доруи зидди "клоп" истифода мешавад.

Пулиси Қазоқистон аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG