Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нави ҳамлаҳои Русия бо мушаку паҳпод ба Украина


Донетск
Донетск

Мақомоти Украина рӯзи 23-юми октябр гуфтанд, ки Русия бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба чанд минтақаи аҳолинишини ин кишвар ҳамла кардаст. 

Мақомоти Украина рӯзи 23-юми октябр гуфтанд, ки Русия бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба чанд минтақаи аҳолинишини ин кишвар ҳамла кардаст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Украина, ҳашт минтақаи аҳолинишин дар Донетску Херсон, Берислав, Суми ва Одесса зери ҳамлаҳои Русия монданд.

Вазири корҳои дохилӣ Иҳор Клименко дар Telegram навишт, ки дар вилояти Донетск як иншооти муҳим осеб дид. Дар бораи иншоот ва макони ҷойгиршавии он иттилоъ надод.

Вай афзуд, Русия ба чанд деҳа дар Херсон ва Берислав 14 мушак партофт. Дар натиҷа як кас маҷруҳ шудааст.

Волии Донетск Иҳор Мороз рӯзи 23-юми октябр гуфт, тайи шабонарӯзи охир дар ин вилояти шарқӣ се ғайринизомӣ кушта шуданд.

Нерӯҳои Украина гуфтанд, нӯҳ ҳавопаймои бесарнишини Русия, ки зербунёдҳоро дар бандари Одесса нишон гирифта буданд, субҳи 23-юми октябр сарнагун карда шуданд.

XS
SM
MD
LG