Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъ шудани беш аз 400 мошини борбар дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон  


Дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек"-и Қирғизистон бо Қазоқистон садҳо мошини боркаш ҷамъ шудааст.

Дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек"-и Қирғизистон бо Қазоқистон садҳо мошини боркаш ҷамъ шудааст.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, то нисфирӯзии 23-юми октябр барои гузаштан аз сарҳад 410 мошини боркаш ҷамъ шудааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, афзоиши мошинҳои боркаш дар марз ба "афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти ниёзи мардум аз Қирғизистон рабт дорад".

Ҷониби Қирғизистон афзудааст, кормандони гумруки ду кишвар "барои убури мошинҳои боркаш монеаи эҷод накардаанд".

Бори охир ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марзи ду кишвар охири моҳи августи имсол мушоҳида шуда буд.

XS
SM
MD
LG