Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони ду сокини кушташудаи Узбекистон адолат мехоҳанд


Хешовандони ду сокини Узбекистон, ки аз сӯйи марзбонони ин кишвар кушта шуданд, муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд.

Хешовандони ду сокини Узбекистон, ки аз сӯйи марзбонони ин кишвар кушта шуданд, муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд.

Ҳодиса 16-уми октябри имсол дар вилояти Фарғона иттифоқ уфтод. Марзбонони Узбекистон он рӯз ду сокини маҳаллиро паррондаанд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, “сокинон мехостанд, сарҳади Узбекистонро бо Қирғизистон ғайриқонунӣ гузаранд ва нисбат ба марзбонон аз зӯр кор гирифтанд”.

Нишондоди хешовандони кушташуда аз хабари мақомоти Узбекистон комилан фарқ мекунад.

Ба нақли шоҳидон, Абдулҳай Муқаддасов ва Алишер Турсунов шоми 16-уми октябр аз чорабиние ба маҳалли истиқомати худ бармегаштанд, вале марзбонон мошини онҳоро дошта, монеи даромадан ба маҳалла шудаанд. Он вақт миёни онҳо ҷанҷол сар задааст.

Шоҳидон мегӯянд, марзбонон ба гумони ин ки дар мошини сокинон моли қочоқӣ аст, мехостанд, онро тафтиш кунанд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҳангоми тафтиши мошин чизе дохили он нест.

Падари Абдулҳай Муқаддасов ва Отабек Юлдошев, ки аз сӯи марзбонон кушта шудаанд, ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани гунаҳкоронро талаб доранд. Баҳодур Юлдошев, падари Отабек Юлдошев, ки аз сараш тир хӯрдааст, мегӯяд, писари вай тасодуфан ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудааст.

XS
SM
MD
LG