Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд хостори бунёди кӯдакистонҳо барои муҳоҷирон шуд


Як мушовири президенти Узбекистон аз ҳукумати Русия хост, то дар ин кишвар барои фарзандони муҳоҷирони корӣ кӯдакистону мактабҳо таъсис шаванд.

Як мушовири президенти Узбекистон аз ҳукумати Русия хост, то дар ин кишвар барои фарзандони муҳоҷирони корӣ кӯдакистону мактабҳо таъсис шаванд.

Ба навиштаи хабаргузории расмии ТАСС, мушовири президенти Узбекистон Қаҳрамон Қуръонбоев гуфтааст, Тошканд аз мақомоти Русия дархост кардааст, ки барои бо пули намояндагони ҷамъияти миллии узбекҳо дар Русия ташкил кардани боғчаҳои бачагона ва мактабҳои миёнаи хусусӣ иҷоза бидиҳанд.

Қуръонбоев гуфтааст, ки ин пешниҳодро дар сӯҳбат бо Владислав Даванков, муовини раиси Думаи давлатии Русия кардааст. Қуръонбоев гуфтааст, ки барномаҳои таълимӣ дар ин муассисаҳо мутобиқ бо қонунгузории Русия ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ӯ таъкид кардааст, ки зарурати таъсиси чунин муассисаҳо бо сармоягузории худи ҷамъияти узбекистониҳо ба он рабт дорад, ки муҳоҷирони корӣ барои дар муасссаҳои таълимӣ ҷой додани фарзандонашон бо мушкилот ва саддҳои зиёде рӯбарӯ мешаванд.

ТАСС менависад, дар хориҷа ба таври доимӣ беш аз 2 миллион шаҳрванди Узбекистон кору фаъолият мекунанд ва беш аз 60 дарсади онҳо дар Русия қарор доранд. Бонки марказии Узбекистон гуфтааст, соли 2022 муҳоҷирони узбекистонӣ тахминан 20 миллиард доллар пулро аз хориҷа ба ватан интиқол додаанд ва беш аз 80 дарсади ин пулҳо аз Русия интиқол ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG