Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» ва «Равшан» ба финали ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд


Лаҳзае аз бозии Регар-ТадАЗ ва Истиқлол. Акс аз fft.tj
Лаҳзае аз бозии Регар-ТадАЗ ва Истиқлол. Акс аз fft.tj

Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 пирӯз шуда, ба ҳаққи ширкат дар бозии финалӣ мушарраф гаштанд.

Бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 рӯзи 19-уми октябр дар варзишгоҳи «Талко-Арена»-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар бозии аввали ниманиҳоӣ «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ғолиб шула буд.

Дар бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ, ки 19-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, «Равшан» аз дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт. Аммо дар бозии аввал «Равшан» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Ҳамин тариқ, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки 1-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мегардад, дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» вориди рақобат мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон-2023

Марҳилаи ниманиҳоӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» - 1:1

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 70 (0:1). Ёқубҷон Аҳмадов, 90+4 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

19-уми октябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «Талко-Арена». 500 тамошогар.

Бозии аввал: 0:1

«Равшан» – «Хатлон» – 0:2

Голҳо: Суннатулло Азизов, 35 (0:1). Беҳрӯз Хуҷаев, 38 (0:2).

Аз пеналти тӯбро ба нишон нарасонд: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа («Равшан»), 64 – дарвозабон баргардонд.

Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Алиназаров («Хатлон»).

19-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 150 тамошогар.

Бозии аввал – 3:0.

Финал

1-уми ноябр (чоршанбе)

«Истиқлол» – «Равшан»

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG