Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи тоҷики ошиқи шатранҷ, ки дар Қазоқистон шуҳрат ёфтааст. ВИДЕО


Хонаводаи ошиқи шатранҷ.
Хонаводаи ошиқи шатранҷ.

Ораш Шоҳназаров, варзишгари ҷавони тоҷик чанде пеш дар мусобиқаи шатранҷбозон дар шаҳри Алмаато қаҳрамон шуд. Шоҳназаров, ки бо хонаводааш дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, ба марҳилаи дигари мусобиқот роҳ ёфт.

Ба ҷуз аз Ораш дигар аъзои хонавода аз хурд то бузург ба шатранҷбозӣ машғуланд. Се нафарашон номзад ба дарёфти унвони устоди варзиш ҳастанд. Аз ҷумла Ҳумоюн, ки ҳамагӣ 8 сол дорад. Ӯ аз 4-солагӣ шатранҷбозӣ мекунад: “Ман дар синфи 3 мехонам, аммо барои ман мушкил нест. Аз мактаб меоям, вазифаи хонагиро анҷом медиҳам ва ба шатранҷбозӣ оғоз мекунем. Шарти асосӣ дар шатранҷ бисёр фикр кардан аст, агар фикр намекунед, тез шикаст мехӯред. Шатранҷ барои рушди инсон ва омӯзиши фанҳое мисли матетика ва физика кӯмак мекунанд.”

Видеоро инҷо бубинед:

Чанд қаҳрамон аз як хонаводаи тоҷик дар Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

Шавқи оила ба шатранҷ аз бузурги хонавода Насибҷон Амонӣ маншаъ мегирад. Амонӣ замоне дар маҷаллаи “Машъал”-и Тоҷикистон саҳифаи махсуси шатранҷро бо номи Фарзин роҳандозӣ карда буд. Бо шуруи ҷанги дохилии Тоҷикистон, Насибҷон Амонӣ маҷбур шуд ба Қазоқистон кӯч бандад. Меҳри шатранҷро ҳам бо худаш бурд. Ӯ мегӯяд: “Ҳар қадар кӯдакон аз хурдсолӣ ба ин бозӣ мароқ зоҳир кунанд, ҳамон андоза хуб аст. Чун онҳо ба ин чиз банд мешаванд, ки ҳам барои таҳсилашон ёрӣ мерасонад. Ба ин бозӣ, ки банд шуданд, аз пайи корҳои дигар намешаванд. Ба корҳои бад вақт намеёбанд.”

Пайрав Қодирӣ 11 сол дорад. Дар намуди шатранҷ се маротиба қаҳрамони Тоҷикистон дар миёни наврасони то 8-сола шудааст. Тобистони имсол дар ҷоми ба номи Амонтай Буликбоев миёни 84 нафар ҷойи сеюмро касб кард. Духтарони хонавода ҳам аз шатранҷ дур намонданд.

Нуқрабону Қодирӣ мехоҳад, дар оянда пизишк шавад. Шатранҷ ёвари ӯ барои хубтар азхуд кардани фанҳои дақиқ аст: “Маро ин чиз рӯҳбаланд мекунад, ки расми хонаводаро идома медиҳам. Шоҳмот дар дарс хондан ба ман кӯмак кард ва дар мактаб аълохон ҳастам. Шатранҷ барои омӯзиши илмҳои дақиқ мисли математика ва физика кӯмак мекунад.”

Дар Қазоқистон таваҷҷуҳ ба шатранҷ зиёд аст ва мактабҳои зиёде ба омӯзиши он машғуланд. Сино Амонбоев, фарзанди Насибҷон Амонӣ ҳам ба даҳҳо наврасони тоҷику қазоқ шатранҷ меомӯзад. Орзуҳояш бузурганд: “Сахт ҳаракат карда шогирдони пурқувват бисёртар шаванду иншоаллоҳ қаҳрамони Осиё ва қаҳрамони ҷаҳонро дар қатори шогирдони худам дидан мехоҳам. Мехоҳам, шогирдони ман ҳам дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ҷойҳои асосиро ишғол кунанд.”

Насибҷон Амонӣ, хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Қазоқистон дар симои ҳар яке аз наберагонаш қаҳрамонҳои ҷаҳон дар намуди шатранҷро мебинад. Ҳарчанд медонад, ки то амалӣ шудани орзуяш роҳи мушкиле дар пеш аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG