Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии "Истиқлол" ба бозии 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо "Персеполис"


Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе қабл аз бозии 1/8- ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFCонфедератсияи футболи Осиё)-2021 бо тими "Персеполис"-и Эрон дар урдугоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Алмосӣ ба ҷамъомади таълимиву тамринии якҳафтаина шуруъ кард. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи “Истиқлол” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷамъомад машқҳои яккарата ва дукарата пешбинӣ шудаанд, ки дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешаванд.

Бозии 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 байни тимҳои “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон - “Персеполис”, қаҳрамони Эрон, рӯзи сешанбеи 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Бозӣ соати 20:00 оғоз меёбад.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) гурӯҳи ҳакамонеро, ки бозии «Истиқлол» ва «Персеполис»-ро доварӣ мекунанд, таъйин кард. Довари 39-солаи ФИФА аз Ҷопон Ҳироюки Кимура сардовари бозӣ мебошад. Ба ӯ ҳамватанонаш Ҳироши Ямаучи ва Ҷун Миҳара кӯмак мекунанд. Ҷумпей Иида довари эҳтиётист. Субҳиддин Моҳд Солеҳ (Малайзия) нозири доварон ва Алим Орифов (Узбекистон) комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Фурӯши билет ба ин бозӣ шуруъ шудааст. Хоҳишмандон метавонанд билетро дар хазинаҳо (кассаҳо)-и Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва мағозаи бошгоҳ «Joma» дар Душанбе дарёфт кунанд.

Билет ду навъ аст: билети дараҷаи аввал ба минбари асосии варзишгоҳ – ғарбӣ (қисматҳои 2 ва 3) 50 сомонӣ ва билети дараҷаи дуюм ба се минбар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 20 сомонӣ нарх доранд.

“ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН)

Бошгоҳ соли 2007 таъсис ёфтааст. “Истиқлол” дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад ва аз машҳуртарин, серунвонтарин ва қавитарин бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Қаҳрамони Тоҷикистон (9 бор): 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020

Ҷоизадори нуқра (1 бор): 2013

Ҷоизадори биринҷӣ (1 бор): 2012

Барандаи Суперҷом ё ҷоми олии Тоҷикистон (10 бор): 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон (8 бор): 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019

Барандаи Ҷоми Президенти AFC (1 бор): 2012

Барандаи Ҷоми ФФТ (6 бор): 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021

Финалисти Ҷоми AFC (2 бор): 2015, 2017

«ПЕРСЕПОЛИС» (ЭРОН)

Бошгоҳ соли 1963 таъсис ёфтааст. Дар Лигаи бартари Эрон бозӣ мекунад ва аз машҳуртарин, серунвонтарин ва қавитарин бошгоҳҳои футболи Эрон маҳсуб мешавад.

Қаҳрамони Эрон (13 бор): 1971/72, 1973/74, 1975/76, 1995/96, 1996/97, 1998/99, 1999/00, 2001/02, 2007/08, 2016/17, 2017/18 , 2018/19, 2019/20

Ҷоизадори нуқра (9 бор): 1974/75, 1976/77, 1977/78, 1989/90, 1992/93, 1993/94, 2000/01, 2013/14, 2015/16.

Барандаи Ҷоми Эрон (6 бор): 1987/88, 1990/91, 1998/99, 2009/10, 2010/11, 2018/2019.

Финалисти Ҷоми Эрон (2 бор): 2005/06, 2012/13.

Барандаи Ҷоми дорандагони ҷомҳои Осиё (Лигаи қаҳрамонҳои AFC, 1 бор): 1991.

Финалисти Ҷоми дорандагони ҷомҳои Осиё (Лигаи қаҳрамонҳои AFC, 3 бор): 1993, 2018, 2020

XS
SM
MD
LG