Ба иттилои Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон, медали тиллоро Зафар Мусоев аз ноҳияи Мастчоҳ дар вазни беш аз 100 кило ба даст овард.
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ варзишгарони 18-20-сола аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ - Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина, инчунин аз кишварҳои Замбия, Колумбия, Марокаш, Миср, Муғулистон, Нигерия, Руминия, Туркия, Ҳиндустон ва Эрон иштирок карданд.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот мунтахаби Узбекистон дар ҳисоби даставӣ ғолиб шуда, бо ҷоми қаҳрамонӣ сарфароз гашт. Варзишгарони Туркманистон мақоми дуюм ва паҳлавонони Қазоқистон мақоми сеюмро касб карданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 21 даста чаҳорум шуд.
Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раҳбари Федератсияи байналмилалии куштии камарбандӣ Рафиқ Валиев бо медалу диплом ва ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ карданд.
Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи куштии камарбандӣ мунтазам дар мусобиқоти ҷаҳонию қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои баланд ба даст меоранд. Аъзои мунтахаби Тоҷикистонро аслан намояндагони вилояти Суғд ташкил медиҳанд.
Ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба ин намуди варзиш беш аз 800 нафар машғуланд, ки ба онҳо 20 устоди варзиш усулҳои куштии камарбандиро меомӯзонанд.
Ин намуд куштӣ дар миёни сокинону шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бештар маъмул аст.