Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пешниҳоди дигар барои бекор кардани шаҳрвандӣ дар Русия


Александр Бастрикин
Александр Бастрикин

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия пешниҳод кардааст, ки дар сурати сарпечӣ аз иштирок дар ҷанги Украина хориҷиёнро аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кунанд.

Александр Бастрикин дар як нишасти низомиён гуфт, ҳоло “амалиёти махсуси низомӣ” (Русия ҷангро дар Украина чунин меномад) идома дорад ва муҳоҷироне, ки соҳиби шиносномаи русӣ ҳастанд, бояд ба он ҷалб гарданд.

"Агар ту ҳамчун шаҳрванди Русия омода нестӣ, ки қарзи низомии худро адо намоӣ, бояд дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии чунин одам тасмим гирифта шавад", - гуфтааст Бастрикин.

Навори суханронии раиси Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 19-уми октябр дар саҳифаи расмии ин ниҳод нашр гардид.

Даъвату талошҳо барои ҷалби муҳоҷирони дорои душаҳрвандӣ ба ҷанги Украина аз сӯи Кремл беш аз як сол боз идома дорад.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ҳанӯз моҳи октябри 2022 хабар дода буд, ки дар маркази «Сахарово»-и Маскав ба муҳоҷирон қарордодро барои рафтан ба ҷанг пешниҳод мекунанд.

Дар моҳи августи соли 2023 пулис дар чанд минтақаи Русия барои ҷустуҷӯйи муҳоҷироне, ки нав шаҳрванди Русия шудаанд, аммо худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштанд, амалиёт анҷом дод.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русия доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG