Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср барои интиқоли кумакҳои башарӣ ба Ғазза роҳ мекушояд


Мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи Рафаҳ
Мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи Рафаҳ

Ба навиштаи хабаргузории "Ройтерс", Миср розӣ шудааст, ки барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба сокинони Навори Ғазза аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ иҷозат диҳад. Ҷойе, ки ҳазорҳо нафар дар пайи ҷанги “Ҳамос” ва Исроил ба камбуди ғизо ва об дучор шудаанд.

Пештар дар бораи розигӣ додани Миср ба гузаштани кӯмакҳои башардӯстона ба Ғазза, президенти Амрико Ҷо Байден хабар дода буд.

"Президент Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ва раиси ҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар бораи интиқоли муназзами ёриҳои башардӯстона ба Ғазза аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ ба тавофуқ расиданд,"-гуфт Аҳмад Фаҳми, сухангӯи президенти Миср.

Ҳанӯз маълум нест, ки интиқоли кӯмакҳои башарӣ барои сокинони Ғазза кай оғоз мешавад. Рӯзи 18-уми октябр Ҷо Байден ҳангоми бозгашт аз Исроил ба Амрико дар ҳавопаймо ба хабарнигорон гуфт, мошинҳои ҳомили кӯмакҳои башардӯстона базудӣ аз гузаргоҳи Рафаҳ убур мекунанд. Байден афзуд, ин кӯмакҳо дар Ғазза аз сӯи ниҳодҳои зертобеи Созмони Милал тақсим карда мешаванд.

Ба гуфтаи Байден, раиси ҷумҳури Миср дар суҳбати телефонӣ розӣ шудааст, ки барои гузаштани то 20 мошини боркаш аз гузаргоҳи Рафаҳ иҷозат медиҳад. “Агар “Ҳамос” ин кӯмакҳоро мусодира ё барои гузаштани онҳо иҷозат надиҳад, дар он ҳам ҳама чиз қатъ мешавад,”-гуфт Байден.

Навори Ғазза зери назари гуруҳи “Ҳамос” аст.

Дар пайи ҳамлаи Исроил дар навори Ғазза буҳрони башарӣ ба вуҷуд омадааст. Дар посух ба зарбаҳои ҲАМОС ҳукумати Исроил аз муҳосираи комили Ғазза хабар дод. Исроил гуфт, интиқоли неруи барқ, маҳсулоти ғизоӣ ва обро ба Ғазза қатъ мекунад. Дар бораи он ки беморхонаҳои Ғазза аз бемор пур шудааст, ҳанӯз рӯзи шанбе хабар расида буд.

XS
SM
MD
LG