Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Гурҷистон натавонист, президентро барканор кунад


Саломе Зурабишвилӣ дар порлумон
Саломе Зурабишвилӣ дар порлумон

86 вакили порлумон аз ҳизби "Орзуи гурҷӣ" ва ҳампаймони онҳо аз ҳизби "Сотсиалистҳои аврупоӣ" рӯзи 18-уми октябр ба ҷонибдорӣ аз барканории президент Саломе Зурабишвилӣ раъй доданд. Вале ин теъдоди овозҳо барои эъломи нобоварӣ ба президент кофӣ набуд.

Барои барканории президент аз 150 вакили порлумон ҳадди ақал 100 вакил бояд раъйи мусбат диҳад.

Пештар аз ин Додгоҳи конститутсонии Гурҷистон тасдиқ кард, ки раиси ҷумҳури ин кишвар Саломе Зурабишвилӣ қонуни асосиро поймол кардааст ва барои ҳамин раванди барканорӣ ё импичменти ӯ оғоз мешавад.

Талаби як гуруҳ вакилони порлумони Гурҷистон барои барканории Зурабишвилӣ аз сӯи шаш додраси Додгоҳи конститутсионӣ тарафдорӣ ёфт. Се додрас ба ин талаб раъйи мухолиф доданд.

Президенти феълии Гурҷистонро ба он гунаҳкор карданд, ки бидуни иҷозаи ҳукумат ба кишварҳои аврупоӣ сафар кардааст. Бар асоси Конститутсияи Гурҷистон, президент танҳо дар он сурат ҳақ дорад салоҳиятҳои ҳукуматро дар самти сиёсати хориҷӣ иҷро кунад, ки агар онро бо ҳукумат мувофиқа карда бошад. Дар ҳукумати Гурҷистон пештар гуфта буданд, ки сафари президентро ба Олмон, Украина, Швейтсария, Лаҳистон, Белгия, Дания, Булғористон, Ҷумҳурии Чех ва Исроил тасдиқ накардаанд.

Саломе Зурабишвилӣ аз соли 2018 президенти Гурҷистон аст.

XS
SM
MD
LG