Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар занозании марзбонони Узбекистон бо сокинон 2 кас ҷон бохт


Дар натиҷаи задухӯрди сокинон бо марзбонон дар деҳаи Вуадили ноҳияи Фарғонаи Узбекистон ду нафар кушта шудааст.

Хадамоти марзбонии Узбекистон бо нашри изҳороте гуфтааст, баъди он ки баҳси лафзӣ ба занозанӣ печид, марзбонон маҷбур шуданд оташ кушоянд.

Тибқи иттилои расмӣ, марзбонон шаби 16-уми октябр дар ҳудуди маҳаллаи "Бустон" мошинеро боз доштанд. Дар натиҷа муайян шудааст, ки шаҳрвандон А.М. ва О.Ю. мехостаанд, аз роҳи қочоқ ба Узбекистон мол ворид кунанд.

Марзбонон аз қочоқбарон талаб кардаанд, ки ҳамроҳи онҳо ба шуъбаи марзбонӣ раванд. Вале ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, гумонбарон бо даҳҳо "ҳаммаслакон"-и худ, ки дар наздикии маҳалли ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, итоат накарда, муқобилият нишон додаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG