Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният пешниҳоди Русияро дар бораи ҷанги "Ҳамос" ва Исроил рад кард


Шӯрои амнияти СММ. Акс аз бойгонӣ
Шӯрои амнияти СММ. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои амнияти Созмони Милал қатъномаи пешниҳодкардаи Русия дар бораи маҳкум кардани хушунат дар Ховари Миёнаро рад кард. Дар ин қатънома дар бораи ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил, ки беш аз ҳазор исроилӣ кушта ва наздики ду ҳазор кас маҷруҳ шуд, чизе гуфта нашудааст.

Аз миёни аъзоёни Шӯрои амният панҷ кишвар: Русия, Чин, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Габон ва Мозамбик аз қатънома тарафдорӣ карданд. Аммо ИМА, Британияи Кабир, Фаронса ва Ҷопон ба қатъномаи пешниҳодкардаи Маскав муқобил баромаданд. Албания, Бразилия, Гана, Малта, Шветсария ва Эквадор аз райъ додан худдорӣ намуданд.

"Мо наметавонем қатъномаеро дастгирӣ кунем, ки ҳамлаи террористии ҲАМОС-ро маҳкум намекунад,"-гуфт намояндаи доимии Британияи Кабир дар СММ Барбар Вудворд.

Русия дар қатъномаи худ пешниҳод карда буд, ки тарафҳо даргириро фавран қатъ карда, асиронро озод ва барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза роҳ кушоянд. Дар ин қатънома ҳамчунин талаб мешуд, ки ҳама гуна хушунат ва амалиёти ҷангӣ бар зидди аҳолии мулкӣ ва тамоми амалҳои террористӣ маҳкум карда шаванд.

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, дар қиёс ба қатъномаи пешниҳодкардаи Русия, тарҳи пешниҳодии Бразилия дар Шӯрои амният пуштибонии бештар пайдо кардааст. Дар пешнависи қатъномаи Бразилия аз гуруҳи "Ҳамос" ба таври возеҳ ёдоварӣ шудааст. Дар назар аст, ки тарҳи пешниҳодкардаи Бразилия шоми сешанбеи 17-уми октябр дар Шӯрои амният ба овоздиҳӣ монда шавад. Барои қабули қатъномаи Шӯрои амният бояд на кам аз даҳ узви шӯро раъйи мусбат диҳанд.

Рӯзи 7-уми октябр ва баъди ҳамлаи гуруҳи "Ҳамос" ба Исроил миёни ду тараф ҷанги нав даргирифт. Ин ҷанг боиси куштаву захмӣ шудани садҳо нафар аз ҳарду тараф шуд.

XS
SM
MD
LG